ҲХДТ номзадии директори МТС-ро ба вакилӣ пешбарӣ кард

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, сиёсатшиноси варзида Сӯҳроб Шарифовро ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии № 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пешбарӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари созмони ноҳиявии ҲХДТ Абдуллохон Қаландаров хабар дод, шоми рӯзи сешанбе дар конфронси ташкилоти ҳизбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзадии Сӯҳроб Шарипов бо […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, сиёсатшиноси варзида Сӯҳроб Шарифовро ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии № 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пешбарӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари созмони ноҳиявии ҲХДТ Абдуллохон Қаландаров хабар дод, шоми рӯзи сешанбе дар конфронси ташкилоти ҳизбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзадии Сӯҳроб Шарипов бо аксари овозҳо дастгирӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки онҳо аз ин ҳавзаи интихоботӣ номзадии вакили худро пешбарӣ намекунанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ чунин мавқеъ дорад.

Аввали ҳафтаи равон раиси Ҳизби сотсила-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват ба амал оварда шуд.

«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», – таъкид кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд. Интихоботи вакил ба санаи 18-уми декабр таъин шудааст. Пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи мазкур, ки рӯзи 19-уми октябр оғоз гардид, то 3-юми ноябр ва бақайдгирии онҳо то 19-уми ноябр идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.