Таҳияи тақвими мобилии моҳи Рамазон аз ҷониби барномасозони тоҷик

Меҳрангез Турсунзода

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Барномасозони тоҷик замимаи мобилии тақвими моҳи шарифи Рамазон – «Tagvim-2012»-ро таҳия намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз таҳиягарони барнома Бахтиёр Баҳриддинов хабар дод, дар барнома ҳамчунин тафовути вақт миёни минтақаҳои кишвар ба инобат гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби барномасозони тоҷик ҳамчунин луғати тоҷикиву русӣ ва русиву тоҷикӣ низ таҳия гардидааст, ки аз 82 ҳазор калима иборат аст. «Тақвим ва луғатро метавон аз сомонаи wap.smart-soft.tj ба таври ройгон барои худ дастрас намуд», – гуфт вай.

Баҳриддинов мегӯяд, айни замон замимаҳо танҳо барои низомҳои фаврии Java ва Smartphone пешбинӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ин барномаҳо ҳамчунин дар низомии амалиётии Microsoft Windows низ насб мешаванд.

Номбурда афзуд, аз луғати таҳияшуда муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд бемалол истифода намоянд, зеро тарзи кор бо он хеле мусоиду қулай аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.