Кӯшиши ба лоиҳаи CASA-1000 баргардонидани БОР

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, охири соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии чор кишвари узви лоиҳа, […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, охири соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии чор кишвари узви лоиҳа, ки моҳи майи соли равон дар Дубай таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.

«Мо амалҳои минбаъдаи худ аз рӯйи ин лоиҳаро муайян кардем, – гуфт вай. – Ин ҷо мушкилоти маблағгузории лоиҳа ҷой дорад. Аз ин рӯ, мо ба ин чорабинӣ созмону кишварҳои мададрасони зиёдеро, ки қисмате аз онҳо метавонанд дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок намоянд, даъват кардем».

Вазир изҳор кард, ки дар чорабинӣ намояндагони ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Русия ҳузур дошта, хоҳиши иштирок дар амалисозии лоиҳаи мазкурро изҳор намуданд.

Гул Шералӣ хотирнишон кард, ки нахуст ин лоиҳаро Бонки исломии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дастгирӣ намуданд, вале чанд моҳ қабл Бонки осиёгии рушд аз иштирок дар ин лоиҳа даст кашид. «Аз ин рӯ, кишварҳои узви лоиҳа ба унвони бонки мазкур оид ба баргаштан ба татбиқи лоиҳа муроҷиатномаи муштарак қабул карданд», – афзуд Гул Шералӣ.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи CASA-1000 пайвасти шабакаҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон ва минбаъд интиқоли барқ миёни ин кишварҳоро дар назар дорад. Интизор меравад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин лоиҳа нерӯи барқи барзиёде, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон истеҳсол мешавад, ба бозори Афғонистону Покистон интиқол дода хоҳад шуд, зеро дар ин кишварҳо камбуди шадиди барқ эҳсос мешавад. Дар лоиҳа истифодаи технологияву таҷҳизоти навтарин баҳри таъмини боэътимоди нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.