Роҳбарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар Хоруғанд

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, ки дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, тавассути телевизиони маҳаллӣ аз аҳолии вилоят дархост кард, ки ба дастгир кардани гунаҳкорони ҳодисаи қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров мусоидату кӯмак намоянд. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ», айни замон вазири мудофиа Шералӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, ки дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, тавассути телевизиони маҳаллӣ аз аҳолии вилоят дархост кард, ки ба дастгир кардани гунаҳкорони ҳодисаи қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров мусоидату кӯмак намоянд.

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ», айни замон вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар низ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ду нафар гумонбаршудагон ба қатли генерал ба ҳукуматдорон таслим шудаанд. Манбаъ аз ифшои номи таслимшудагон худдорӣ варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.