Ба сохтмони терминали нави фурудгоҳи пойтахт ширкати дигари фаронсавӣ машғул мешавад

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Сохтмони терминали нави фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз имзои қарордод бо паймонкори нав, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, оғоз мегардад. Зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки барои муваффақона ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мазкур бо ширкати «VINSI»-и Фаронса […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Сохтмони терминали нави фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз имзои қарордод бо паймонкори нав, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, оғоз мегардад.

Зимни нишасти хабарӣ директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Холиқов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки барои муваффақона ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мазкур бо ширкати «VINSI»-и Фаронса қарордоди нав ба имзо мерасад.

«Айни замон дар ҳамдастӣ бо мутахассисони ин ширкат оид ба масоили иншооти сохтмонӣ, алоқа, коммуникатсия, таъмини амният ва реҷаи корҳои сохтмонӣ гуфтушуниду машварат идома дошта, пас аз имзои қарордод корҳои сохтмони терминали нав шурӯъ мешаванд», – гуфт вай.

Дар робита ба қарордоди қаблӣ миёни ширкати «Sofema Alfa Airport» ва фурудгоҳ Холиқов гуфт, моҳи майи соли равон оид ба бекор сохтани қарордод байни ҷонибҳо тафоҳумнома ба тасвиб расидааст.

Дар идомаи масъалаи сохтмони терминали нави қабулу гусели мусофирон номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии маблағи сохтмон тағйир ёфтааст. «Ҷониби Фаронса чун пештара 20 млн. Евро маблағ ҷудо мекунад, ҳаҷми маблағгузории Тоҷикистон бошад, аз 7 млн. то ба 19 млн. Евро зиёд мешавад. Акнун арзиши умумии лоиҳа беш аз 39 млн. Евроро ташкил медиҳад», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.