Кэтлин МакДоналдс, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими ифтитоҳи расмии идораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон” дар ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён ширкат варзид.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ инчунин мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ, намояндагони сафорати ИМА, аҳолии маҳал ва иҷрокунандагони ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” иштирок намуданд. «USAID aссотсиатсияи мазкурро тариқи Барномаи оиди хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ташкил намудааст. Ассотсиатсия барои зиёда аз 25,169 истиқоматкунандагони ин ноҳияи аз ҷиҳати озуқаворӣ азиятдошта дастрасии устувор ба обро таъмин хоҳад кард», – гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, деҳқонони Қубодиён ба оби полезӣ дастрасии мунтазам надоранд ва қисми зиёди каналу заҳбурҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар соли 2011, USAID ташаббуси созмон додани aссотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон”-ро тариқи раванди ошкоро ва якҷоя бо иштироки хоҷагиҳои ҳурди фермерӣ ва тиҷоратӣ, сарварони ҷомеа ва мансабдорони маҳаллӣ пеша гирифт. Айни замон aссотсиатсия дар раванди барқарорсозии канал, заҳбур ва дарвозаҳои обтақсимкунии ноҳияи қарор дорад.
Мақсади ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ва Барномаи USAID хоҷагидории деҳқонии оилавӣ – беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва камхӯрӣ тариқи рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани ғизои солим – махсусан дар байни кӯдакони хурдсол ва занон дар 12 ноҳияи ҷанубу ғарби вилояти Хатлон мебошад. Барои расидан ба ин мақсад, USAID ба деҳқонони Тоҷикистон барои беҳтар намудани таҷрибаи идораи оби полезӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад.
Аз моҳи октябри соли 2010, Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ 11 Ассотсиатсияи истифодабарандагони обро дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хисрав, Румӣ, Ҷиликул ва Вахш созмон додааст, ки ба 26,304 гектар замин ва 193,000 сокинони ин ноҳияҳо манфиат хоҳад овард.
Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.





