Кӯмаки USAID ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён

Кэтлин МакДоналдс, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими ифтитоҳи расмии идораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон” дар ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён ширкат варзид. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ инчунин мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ, намояндагони сафорати ИМА, аҳолии маҳал ва иҷрокунандагони ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ […]

ASIA-Plus


Кэтлин МакДоналдс, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими ифтитоҳи расмии идораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон” дар ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён ширкат варзид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ инчунин мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ, намояндагони сафорати ИМА, аҳолии маҳал ва иҷрокунандагони ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” иштирок намуданд. «USAID aссотсиатсияи мазкурро тариқи Барномаи оиди хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ташкил намудааст.  Ассотсиатсия барои зиёда аз 25,169 истиқоматкунандагони ин ноҳияи аз ҷиҳати озуқаворӣ азиятдошта дастрасии устувор ба обро таъмин хоҳад кард», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, деҳқонони Қубодиён ба оби полезӣ дастрасии мунтазам надоранд ва қисми зиёди каналу заҳбурҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.  Дар соли 2011, USAID ташаббуси созмон додани aссотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Калон”-ро тариқи раванди ошкоро ва якҷоя бо иштироки хоҷагиҳои ҳурди фермерӣ ва тиҷоратӣ, сарварони ҷомеа ва мансабдорони маҳаллӣ пеша гирифт. Айни замон aссотсиатсия дар раванди барқарорсозии канал, заҳбур ва дарвозаҳои обтақсимкунии ноҳияи қарор дорад.

Мақсади ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ва Барномаи USAID хоҷагидории деҳқонии оилавӣ – беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва камхӯрӣ тариқи рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани ғизои солим – махсусан дар байни кӯдакони хурдсол ва занон дар 12 ноҳияи ҷанубу ғарби вилояти Хатлон мебошад.  Барои расидан ба ин мақсад, USAID ба деҳқонони Тоҷикистон барои беҳтар намудани таҷрибаи идораи оби полезӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад. 

Аз моҳи октябри соли 2010, Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ 11 Ассотсиатсияи истифодабарандагони обро дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хисрав, Румӣ, Ҷиликул ва Вахш созмон додааст, ки ба 26,304 гектар замин ва 193,000 сокинони ин ноҳияҳо манфиат хоҳад овард.

Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.