Соли оянда ҲНИТ 40-солагиашро ҷашн мегирад


Моҳи апрели соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷашни 40-солагии таъсисаш таҷлил мекунад. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ чунин тасмим гирифта шуд.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҳизб, таҷлили он бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт.

«Ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн дар таърихи Наҳзат буда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва ба ин муносибат ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» моҳи апрел ҳадди ақал дар ҳаҷми 40 саҳифа ба нашр хоҳад расид», – гуфтанд дар қароргоҳи ҲНИТ.

ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд.

Феълан беш аз 40 ҳазор нафар аъзои ҲНИТ буда, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное