Соли оянда ҲНИТ 40-солагиашро ҷашн мегирад

Моҳи апрели соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷашни 40-солагии таъсисаш таҷлил мекунад. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ чунин тасмим гирифта шуд. Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҳизб, таҷлили он бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт. «Ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн […]

Аваз Юлдошев


Моҳи апрели соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷашни 40-солагии таъсисаш таҷлил мекунад. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ чунин тасмим гирифта шуд.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҳизб, таҷлили он бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт.

«Ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн дар таърихи Наҳзат буда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва ба ин муносибат ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» моҳи апрел ҳадди ақал дар ҳаҷми 40 саҳифа ба нашр хоҳад расид», – гуфтанд дар қароргоҳи ҲНИТ.

ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд.

Феълан беш аз 40 ҳазор нафар аъзои ҲНИТ буда, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.