Баррасии масъалаи кӯмак ба кӯдакони муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Дар шаҳри Санкт-Петербург бо ибтикори намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия вохӯрии намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони корӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Табибон ба кӯдакон» доир гардида, дар ҷараёни он масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар расонидани кӯмаки тиббӣ ба кӯдакон ва оилаҳои муҳоҷирон баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ХМ ҶТ дар Русия, […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Санкт-Петербург бо ибтикори намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия вохӯрии намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони корӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Табибон ба кӯдакон» доир гардида, дар ҷараёни он масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар расонидани кӯмаки тиббӣ ба кӯдакон ва оилаҳои муҳоҷирон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ХМ ҶТ дар Русия, ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ шиносии муҳоҷирони корӣ ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин ташкилот амалишаванда аст, зеро дар ин лоиҳаҳо кӯмаки ройгони тиббӣ ба кӯдакони муҳоҷирон пешбинӣ гардида, муоина ва муолиҷаи марҳилаи аввал аз ҳисоби ин ташкилот сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур Константин Захаров, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Табибон ба кӯдакон, корманди намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Алихон Розиқзода ва раиси ТҶ «Помир», узви Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бахтибек Бердов ширкат варзидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.