Шиносоии толибилмони пойтахт бо шароити будубоши сарбозон

Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чанде қабл ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вохӯрии толибилмони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии пойтахт бо афсарону сарбозони қисми низомии №08010 Маркази таълимии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ-ро баргузор намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чанде қабл ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вохӯрии толибилмони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии пойтахт бо афсарону сарбозони қисми низомии №08010 Маркази таълимии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ-ро баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, толибилмон бо шароити зист ва ҷараёни хизмати сарбозони тоза ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

«Афсарони қисми низомӣ толибилмонро бо техникаи ҳарбӣ, навҳои гуногуни силоҳи дар ихтиёрдоштаи сарбозон шинос карданд»,- гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар фарҷоми вохӯрӣ як консерти муштараки сарбозону меҳмонон доир гардида, ташкилоти «Созандагони Ватан» ба сарбозони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Мирсаидов таъкид дошт, ки шурӯъ аз 1-уми феврал ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» дар саросари кишвар як силсила чорабиниҳо доир месозад.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 195 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷашни 20-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳро дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карданианд. Рӯзи 23-юми феврал дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши миллӣ гузашти низомӣ доир мегардад. Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи воҳидҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.