Чор медали варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи махсус

Чаҳор нафар варзишгарони мактаби маъюбони бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси зимистонаи маъюбон, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ҳимоя карданд ва  соҳиби ду медали тилло ва ду нуқра шуданд. Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Ташаев хабар дод, варзишгари тоҷик Файзидин Тӯраев оид ба намуди лижаронии […]

ASIA-Plus


Чаҳор нафар варзишгарони мактаби маъюбони бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси зимистонаи маъюбон, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ҳимоя карданд ва  соҳиби ду медали тилло ва ду нуқра шуданд.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Ташаев хабар дод, варзишгари тоҷик Файзидин Тӯраев оид ба намуди лижаронии кросси классикӣ дар масофаи 500 метр мақоми аввалро соҳиб гардида медали тиллоро соҳиб шуд. «Ҳусейн Хоҷаев масофаи 100 метрро аввалин шуда тай кард ва дуюмин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба даст овард», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, Фарида Назарова ва Анастасия Пинкова дар рақобатҳо миёни бонувон соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Дилбар Каримова ва Зайниддин Давлатов ба олимпиадаи мазкур сафарбар шуда буданд. Олимпиадаи махсуси маъюбон то 6 феврал идома хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.