Ҳушдори хадамоти санитарӣ аз хурӯҷи бемории зуком

Хадамоти давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба оғози нимаи дуюми соли хониш дар макотиб аз эҳтимоли хурӯҷи бемории зуком (грипп) ҳушдор медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори хадамоти мазкур Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, то имрӯз сатҳи гирифторӣ ба зуком ва дигар бемориҳои шадиди сироятӣ аз ҳадди эпидемиологӣ зиёд набуд, аммо […]

Маҳпора Киромова


Хадамоти давлатии назорати санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба оғози нимаи дуюми соли хониш дар макотиб аз эҳтимоли хурӯҷи бемории зуком (грипп) ҳушдор медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори хадамоти мазкур Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, то имрӯз сатҳи гирифторӣ ба зуком ва дигар бемориҳои шадиди сироятӣ аз ҳадди эпидемиологӣ зиёд набуд, аммо ба наздикӣ хурӯҷи босуръати сироят ёфтан аз ангезандаи зуком маҳз миёни кӯдакони синнусоли мактабӣ аз эҳтимол дур нест.

«Мутаассифона, мо вактсинаҳои пешгирии паҳншавии бемориро надорем, вале дар тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони шифохонаҳо чораҳои пешгирии гирифторӣ ба ин беморӣ шарҳу тавзеҳ дода хоҳанд шуд», – иброз дошт Ҷаъфаров.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии назорати санитариву эпидемиологӣ, то имрӯз дар дар кишвар беш аз 238 ҳазор ҳолатҳои гирифторӣ ба ангезандаҳои бемориҳои шадиди сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 15,6 ҳазор ҳолати он маҳз ба бемории зуком рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...