Суғд: Боздошти табиб ба гумони қаллобӣ

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан ба қаллобӣ як табиб боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, кормандони раёсати мазкур табиби Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд Б.Т.-ро бевосита ҳангоми аз сокини маҳаллӣ И.Б. гирифтани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА боздошт […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан ба қаллобӣ як табиб боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, кормандони раёсати мазкур табиби Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд Б.Т.-ро бевосита ҳангоми аз сокини маҳаллӣ И.Б. гирифтани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА боздошт намудаанд.

«Зимни тафтишот муайян шудааст, ки ин маблағро табиб аз сокини маҳаллӣ барои омода сохтани маълумотнома оид ба коршоям набуданаш ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ талаб карда будааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба табиби боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати мазкур, соли 2012 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 128 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2011 – 108 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.