Шарҳи ТАЛКО дар мавриди коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминий

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе роҳбари департаменти иттилооту таҳлили Ширкати Алюминии тоҷик (ТАЛКО) Игор Сатторов коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминийро дар соли гузашта ба поинравии қобили мулоҳизаи сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ ба он мансуб донист. Ба қавли вай, ҳанӯз аввали соли 2012 мутахассисони ширкат пешгӯӣ карда буданд, ки буҳрони ҷаҳонии соҳаи истеҳсоли алюминий, ки соли 2008 шурӯъ […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе роҳбари департаменти иттилооту таҳлили Ширкати Алюминии тоҷик (ТАЛКО) Игор Сатторов коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминийро дар соли гузашта ба поинравии қобили мулоҳизаи сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ ба он мансуб донист.

Ба қавли вай, ҳанӯз аввали соли 2012 мутахассисони ширкат пешгӯӣ карда буданд, ки буҳрони ҷаҳонии соҳаи истеҳсоли алюминий, ки соли 2008 шурӯъ гардида буд, натанҳо суст намешавад, балки тамоили рушди минбаъдаро ба худ касб намуда, дар вазъи мавҷуд набудани нархҳои устувор ба алюминий, коҳиши он дар саросари ҷаҳон ба андозаи 10-12 % хоҳад буд.

«Мутассифона, пешгӯиҳои мо дар соли 2012 ҷомаи амал пӯшида, тибқи маълумоти Биржаи металлҳои Лондон, соли гузашта нархи баландтарин ба 1 тонна алюминий 2 ҳазору 203 ва нархи пасттарин – 1 ҳазору 793 доллари ИМА-ро ташкил доданд», – иброз дошт Сатторов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита моҳи ноябри соли гузашта ТАЛКО расман изҳор дошт, ки то ахири сол аз нақшаи пешбинишудаи 281 ҳазор тонна ҳаҷми истеҳсол 3% коҳиш меёбад.

«Гузашта аз ин, моро ба қабули ин қарор ҳамчунин омилҳое чун афзоиши назарраси нархи ашёи хоми асосӣ, болоравии тарофаҳои хизматгузориҳои роҳи оҳан (ба 125%) водор карданд, ки нисбат ба соли 2011 ҳаҷми хароҷоти иловагӣ қариб 50 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи хароҷоти нақлиёт дар истеҳсоли алюминий беш аз 30% аз арзиши аслии маҳсулотро ташкил доданд», – изҳор кард Сатторов.

Номбурда таъкид кард, ки ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминий ҳамчунин номунтазамии таъминоти корхона бо гази табиӣ аз ҷониби Ӯзбекистон низ таъсир расонид, ки он ширкатро ба коҳиши ҳаҷми истеҳсол аз моҳи сентябр водор кард.

«Ҳамаи омилҳои зикршуда ва ҳамчунин хароҷоти ғайринақшавӣ ба он боис гардиданд, ки ҳаҷми хароҷот ба истеҳсоли ҳар як тонна алюминий то 400 доллари ИМА зиёд шуд», – гуфт намояндаи ТАЛКО.

Сатторов хотиррасон намуд, ки соли 2012 ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминии хом дар ширкат 275 ҳазор ва алюминии аввалия 272 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2011 ба андозаи 2% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.