Раёсати КДАМ дар ВМКБ аз ҳодисаҳои убури марз ҷилавгирӣ намуд

Тайи ҳафтаи сипаришуда Раёсати КДАМ дар ВМКБ аз се ҳодисаи убури ғайриқонунии марз бо Афғонистон ҷилавгирӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар мавзеи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон кормандони раёсат дар ҳамдастӣ бо марзбонон кӯшиши убури марз аз ҷониби қочоқбарони афғонро пешгирӣ намуда, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона як […]

Аваз Юлдошев


Тайи ҳафтаи сипаришуда Раёсати КДАМ дар ВМКБ аз се ҳодисаи убури ғайриқонунии марз бо Афғонистон ҷилавгирӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, дар мавзеи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон кормандони раёсат дар ҳамдастӣ бо марзбонон кӯшиши убури марз аз ҷониби қочоқбарони афғонро пешгирӣ намуда, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона як қочоқбари афғон кушта ва аз ҷойи ҳодиса автомати Калашников, 530 грамм маводи мухаддири героин ва 1,5 кило ҳашиш дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёти дигар дар посгоҳи марзии Шидз чор нафар қочоқбарон – се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон дастгир шудаанд, ки тавассути қочоқ 6,5 ҳазор қутти сигарети тамғаи Pine-ро ба Тоҷикистон ворид карданӣ будаанд.

Зимнан зикр гардид, ки марзбонони афғон зимни як амалиёт дар наздикии деҳаи Нишуст се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намудаанд. «Дар асоси созишномаи давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон, шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик ба ихтиёри кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ супурда шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.