Вазири корҳои хориҷӣ озими Қоҳира шуд

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар 12-умин нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки аз 6 то 7-уми феврали соли 2013 барпо мешавад, ба Қоҳира сафар намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни иҷлоси мазкур суханронии Вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар 12-умин нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки аз 6 то 7-уми феврали соли 2013 барпо мешавад, ба Қоҳира сафар намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни иҷлоси мазкур суханронии Вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳимме, ки бо онҳо кишварҳои аъзои Созмон рӯ ба рӯ шудаанд, инъикос хоҳад ёфт.

Дар ҳошияи нишаст инчунин баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии кишвари мо бо намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ дар назар гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), рӯзи 11-уми феврал дар шаҳри Париж вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими бахшида ба оғози Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ширкат меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.