Роҳандозии ҳамкорӣ бо Намоишгоҳи байнулмилалии китоби Франкфурт

Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо муовини президенти Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт Тобиас Фосс ва роҳбари бахши ташкилии ин идора хонум Купска мулоқот доир намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон оид ба вазъи табъу нашри китобҳо, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо муовини президенти Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт Тобиас Фосс ва роҳбари бахши ташкилии ин идора хонум Купска мулоқот доир намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон оид ба вазъи табъу нашри китобҳо, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ҳамкориҳои муваффақонаи фарҳангии Тоҷикистону Олмон мухтасар иттилоъ дод.

Т. Фосс қайд кард, ки Намоишгоҳи китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse) яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоби байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 7400 нашриёту чопхонаҳо аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ ба ширкаткунандагон ҷиҳати муаррифии китобҳо, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо ширкатҳои нашр ва паҳнкунандаи китобу маҷаллаҳо, корхонаҳои истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои муосири чопкунӣ, табодули малака бо мутахассисони соҳа, инчунин муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангии кишварҳо имкониятҳои беҳтаринро фароҳам меоварад.

 Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо ин Намоишгоҳи байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.