Пуштибонии ИМА аз журналист Абдуқаюми Қаюмзод

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз ҳукумати ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ба озодии ВАО эҳтиром гузошта, механизми дақиқ ва шаффофи танзими сабти номи рӯзноманигоронро роҳандозӣ намояд. Дар изхороти имрӯз пахшшудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, «Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, […]


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз ҳукумати ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ба озодии ВАО эҳтиром гузошта, механизми дақиқ ва шаффофи танзими сабти номи рӯзноманигоронро роҳандозӣ намояд.

Дар изхороти имрӯз пахшшудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, «Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ, дастгирӣ менамоянд».

«Мо, Сафорати Амрико, ҳамеша нигаронии худро оиди муносибат бо хабарнигорон дар Ҷумхурии Тоҷикистон, минҷумла бо ҷаноби Абдуқаюм Қаюмзод бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ менамоем, – омадааст дар изҳорот. – Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳад».

Ёдрас мекунем, ки Вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид. Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистонро ба даст овард ва аз сӯи нашрияи “Фараж”  “Журналисти сол” эълон шуд.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ

ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ

дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо кардаанд.

Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.

Рӯзи 23-юми январ радиои Озодӣ дар як баёния аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва

рад шудани дархости

тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов хабар додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.