Ҳузури нозирони тоҷик дар маъракаи интихоботи президенти Арманистон

Раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод дар ҳайати нозирони ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Арманистон ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, ахири ҳафтаи оянда Саиди Ёқубзод бо ин мақсад озими шаҳри Ереван мегардад. Ёдрас мекунем, ки […]

Аваз Юлдошев


Раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод дар ҳайати нозирони ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Арманистон ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, ахири ҳафтаи оянда Саиди Ёқубзод бо ин мақсад озими шаҳри Ереван мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҳайати нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Арманистон ҳамчунин муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Саидбой Зокиров ва узви ин комиссия Нурулло Маҳмадуллоев низ шомиланд.

Маъракаи интихоботи президенти Арманистон 18-уми феврал баргузор мешавад. Ба ишғоли курсии сарвари давлати Арманистон 8 нафар номзадон сабти ном шудаанд. Тибқи назарсанҷиҳо, президенти амалкунандаи Арманистон Серж Саргсян метавонад аз 68,6 то 72%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст орад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.