Имзои Созишномаи таҳвили сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар Маскав

Дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод, маросими баимзорасии созишнома дар вазорати иқтисоди Русия баргузор шудааст. Сафири […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод, маросими баимзорасии созишнома дар вазорати иқтисоди Русия баргузор шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бар ин назар аст, ки созишномаи мазкур барои ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Мувофиқи лоиҳаи созишнома, Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ дар ҳаҷме таъмин хоҳад кард, ки барои истеъмоли дохили кишвар зарур аст. То 1 октябри ҳар сол ҷонибҳо тавозуни истеъмоли дохилии Тоҷикистонро ба ин маҳсулот мувофиқа месозанд. Аз сӯзишвории аз тавозун барзиёд таҳвилшуда боҷ ситонида мешавад.

Ҳамчунин маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон воридшудаи Русия набояд ба кишварҳои сеюм дубора содирот (реэкспорт) шавад. Манъи содироти дубора ба маҳсулоти нафтие низ дахл хоҳад дошт, ки аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд.

Мувофиқи тавозуни индикативии тасдиқшуда, соли 2013 Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ 1 млн. тонна маводи сӯзишворӣ интиқол медиҳад, ки беш аз 50%-ашро бензин ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, зимни як нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов изҳор намуд, ки ояндаи наздик нархи бензин дар ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, поинравии босуръати қимати онро пас аз имзои созишномаи нафтӣ бо Русия интизор набояд шуд, зеро он замон метавонанд сабабҳои дигар, аз ҷумла транзити маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон пайдо шаванд.

«Имрӯз ҳаҷми боҷи содиротӣ барои як тонна бензини ба ҳисоби миёна арзишаш 1 ҳазору 200 доллари ИМА-и Русия 30%-ро ташкил медиҳад ва мантиқан дуруст мебуд, агар нархи сӯзишвории аз ҷониби Русия воридшаванда низ ба ҳамин андоза поин равад ва ҳамин тавр ҳам мешавад, агар ба он омилҳои дигар халал нарасонанд», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки вазорат боло бурдани сатҳи андози аксизӣ аз маҳсулоти нафтӣ, машрубот ва тамокуро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, феълан андози аксизӣ барои як тонна маҳсулоти нафтӣ 40 евроро ташкил медиҳад ва Вазорати молия ба ҳадди ниҳоӣ то 90 евро боло бурдани онро пешниҳод мекунад.

Дар шарҳи масъала С.Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар нишондиҳандаҳои андози аксизӣ дар Тоҷикистон хеле паст буда, дар қисмати даромади буҷет онҳо ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳанд.

«Аммо ин кор алҳол ғайриимкон буда, бо назардошти воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар бо боҷи содиротии Русия, сӯзишворӣ дар дохили ҷумҳурӣ гарон аст. Мо қарор додем, ки ин масъаларо пас аз имзои созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ мавриди ҳаллу фасл қарор диҳем», – иброз дошт вазири молияи кишвар.

Вазир ҳамчунин гуфт, ин пешниҳод ҳамчунин аз ҷониби вазорати рушди иқтисоду савдо, энергетикаву саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ низ дастгирӣ шудааст.

Аммо вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита зикр карда буд, ки мухолифи афзоиши андози аксизӣ аст. «Айни замон афзудани сатҳи андози аксизӣ мувофиқи мақсад нест, зеро он ба арзиши сӯзишворӣ дар дохили кишвар таъсир расонида, табиист, ки хароҷоти он ба дӯши истеъмолгарон вогузор мегардад. Аз ин рӯ, мо афзудани сатҳи андози аксиро тавсия намедиҳем ва дар ин бора ҳукуматро низ огоҳ намудем», – гуфта буд ӯ ба журналистон. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.