Оғози машваратҳои миллии «Ҷаҳон пас аз соли 2015»

Бо ташаббуси СММ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷаҳон пас аз соли 2015» як силсила машваратҳои миллӣ оғоз мегардад. Чунин машваратҳо беш аз 100 кишвари саросари ҷаҳонро фаро гирифта, як назарсанҷии глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар ҷараёни он СММ вохӯриву чорабиниҳои дигар доир намуда, муайян кардани самти бештар муҳим барои беҳбуди вазъ дар ҷаҳонро дархост мекунад. […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси СММ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷаҳон пас аз соли 2015» як силсила машваратҳои миллӣ оғоз мегардад.

Чунин машваратҳо беш аз 100 кишвари саросари ҷаҳонро фаро гирифта, як назарсанҷии глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар ҷараёни он СММ вохӯриву чорабиниҳои дигар доир намуда, муайян кардани самти бештар муҳим барои беҳбуди вазъ дар ҷаҳонро дархост мекунад.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамоҳангсози СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Александр Зуев дар ин робита изҳор намуд, ки машваратҳои мазкур имконоти нодирест барои огоҳ шудан аз андешаи мардум, вазифаҳои афзалиятноки кишвар ва ҷомеаҳо.

«Дар машваратҳо ҷавонон, намояндагони аққалиятҳои миллӣ, кормандони давлатӣ, вакилони парлумон, нафақахӯрону соҳибкорон ва намояндагони қишрҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзида, натиҷаҳои машварату назарсанҷиҳо зимни таҳияи масоили нави рушди глобалӣ ба маълумоти сарони кишварҳо расонида мешаванд», – гуфт вай.

Дар нишасти хабарии мазкур зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур дар тамоми манотиқи Тоҷикистон 10 машварати мавзӯӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки пурсамар барои рушди Тоҷикистон дар сафҳаҳои порталҳои интернетӣ низоми овоздиҳӣ боз мегардад. Назарсанҷӣ таҳти унвони «Тоҷикистоне, ки мо орзуяш дорем» баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.