Суди Украина дархости ҳабси муваққатии Абдуллоҷоновро баррасӣ мекунад

Имрӯз суди шаҳри Бориспол дархости прокуратура дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро баррасӣ мекунад. Дар ин бора ба агентии «Интерфакс» хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Киев хабар додааст. Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов шоми 6-уми феврал дар фурудгоҳи «Бориспол» боздошт шуд. Пас аз ворид шудан ба қаламрави Украина А.Абдуллоҷонов ба намояндагони ҳукумат ҷиҳати […]

ASIA-Plus


Имрӯз суди шаҳри Бориспол дархости прокуратура дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро баррасӣ мекунад. Дар ин бора ба агентии «Интерфакс» хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Киев хабар додааст.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов шоми 6-уми феврал дар фурудгоҳи «Бориспол»

боздошт шуд.

Пас аз ворид шудан ба қаламрави Украина А.Абдуллоҷонов ба намояндагони ҳукумат ҷиҳати гирифтани мақоми гуреза ё таъмини ҳифзи байнулмилалӣ муроҷиат накардааст. Ин нуктаро зимни вохӯрӣ бо намояндагони матбуот муовини аввали роҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷирати Русия Виктор Шейбут ва намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар Белорус, Молдова ва Украина Олдрих Андрисек тасдиқ намудаанд.

Дар посух ба саволи рӯзноманигор Олдрих Андрисек зикр кардааст, ки ҳатто дар сурати дар мавриди ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштан, шахс метавонад таъмини ҳифзи байнулмилалиро талаб намуда, мақоми гурезаро соҳиб шавад.

«Агар касе дар рӯйхати Интерпол пайдо шавад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ӯ гунаҳкор аст. Мутаассифона, дар рӯйхати Интерпол баъзан рақибони сиёсӣ низ пайдо мешаванд. Дар Оинномаи ин ташкилот дақиқан зикр шудааст, ки Интерпол наметавонад ба хотири даст ёфтан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода гардад», – иброз доштааст Андрисек.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.