ВКХ Тоҷикистон изҳороти номзад ба мансаби президенти Эронро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддаои номзад ба маснади президенти Эрон Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ дар бораи ба ҳайати Эрон баргардонидани Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар сурати сарвари давлат шуданашро маҳкум мекунад. Дар изҳороти Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки изҳороти роҳбари ҳизби “Ансори Ҳизбуллоҳ”-и […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддаои номзад ба маснади президенти Эрон Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ дар бораи ба ҳайати Эрон баргардонидани Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар сурати сарвари давлат шуданашро маҳкум мекунад.

Дар изҳороти Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки изҳороти роҳбари ҳизби “Ансори Ҳизбуллоҳ”-и Эрон, ки яке аз пайвандони собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, боиси тааҷҷуб ва таассуфи доираҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон гашт. Баёнияи Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ дар ин доираҳо ҳамчун баёнияи шахси моҷароҷӯ, хомхаёл, ноогоҳ ва бехабар аз асли қазия, вазъи воқеии имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон ва низоми ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

«Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар саргармиҳои талошҳои пешазинтихоботӣ чунин иддаои “заминҷамъкунӣ” намудани яке аз номзадонро ба маснади Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки хилофи воқеиятҳои асри XXI, ҳамла ба мафҳумҳои муқаддаси истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва навъе мудохила ба умури дохилии кишвари соҳибихтиёр мебошад, қатъиян маҳкум менамояд», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр эътироф намуда, дар қаламрави он сафорати худро таъсис дода буд. Пас аз ин дар тӯли зиёда аз 20 сол Тоҷикистону Эрон дар асоси меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муносибатҳои байнидавлатиро ба роҳ монда, имрӯз равобити гуногунарсаи хешро пиёда менамоянд. Ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон, ки пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври густурда оғоз гашта буданд, сол аз сол амиқтар, пурмазмунтар ва ғанитар мегарданд. Ва чунин ҳам бояд бошад, зеро ин сатҳ ва умқи мусаллами муносиботи халқҳои ба ҳам хешу табор аст.

Зимнан зикр шудааст, ки гузаштаи таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ ва нажодии муштарак аз муҳимтарин хусусиятҳоянд, ки Тоҷикистонро бо Эрон дар як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи лозим барои ҳамгироии бештари ду кишвари соҳибихтиёр ва мустақилро бар асоси баробарҳуқуқӣ, адами мудохила ба умури дохилии якдигар, тамомияти арзӣ ва эҳтироми истиқлолияти давлатӣ фароҳам месозанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.