Омодагии ба лоиҳаи CASA-1000 то 500 млн. $ сармоягузорӣ кардани Русия

Русия баҳри сармоягузорӣ дар ҳаҷми то 500 млн. доллари ИМА ба сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000, ки барои таъмини содироти нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, омода аст. Бино ба иттили РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои вазири энергетикаи Русия Александр Новак, ширкатҳои Русия ба иштирок дар ин лоиҳа натанҳо […]

ASIA-Plus


Русия баҳри сармоягузорӣ дар ҳаҷми то 500 млн. доллари ИМА ба сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000, ки барои таъмини содироти нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, омода аст.

Бино ба иттили РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои вазири энергетикаи Русия Александр Новак, ширкатҳои Русия ба иштирок дар ин лоиҳа натанҳо ҳамчун паймонкор, балки ба сифати иштирокчии лоиҳа низ омодаанд. «Онҳо омодаанд, ки ба ин лоиҳа то 500 млн. $ ва аз ин ҳам бештар сармоягузорӣ намоянд», – зикр кардааст вай.

Қобили зикр аст, ки масофаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 750 километрро ташкил дода, арзиши умумии лоиҳа 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи вазири энергетикаи Русия, сотмони хатти интиқоли барқи мазкур натанҳо ба таъмини содироти барқ, балки ба беҳбуди вазъи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи қарз аз содироти нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ мусоидат хоҳад кард. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, қарзи мазкур ба беш аз 67 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.