Оғози намоишгоҳи асарҳои бадеӣ барои кӯдакон

Бо ташаббуси нашриёти «Адабиёти бачагона» ва Вазорати фарҳанги ҶТ аз 8 феврал то 30-юми апрел дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон намоишгоҳ-фурӯши асарҳои бадеӣ барои кӯдакон баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири нашриёти «Адабиёти бачагона» Наҷмиддин Зайниддинов хабар дод, маросими расмии чорабинӣ рӯзи 8-уми феврал дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир мегардад. «Дар намоишгоҳ 110 номгӯи […]

Маҳпопа Киромова


Бо ташаббуси нашриёти «Адабиёти бачагона» ва Вазорати фарҳанги ҶТ аз 8 феврал то 30-юми апрел дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон намоишгоҳ-фурӯши асарҳои бадеӣ барои кӯдакон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири нашриёти «Адабиёти бачагона» Наҷмиддин Зайниддинов хабар дод, маросими расмии чорабинӣ рӯзи 8-уми феврал дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир мегардад.

«Дар намоишгоҳ 110 номгӯи адабиёти бачагона аз осори класиикону адибони муосир ва ду китоби ҳикоёти нависандагони белорусу олмонӣ дар тарҷума ба забони тоҷикӣ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда, қимати китобҳо аз 70 дирам то 16 сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, намоишгоҳ-фурӯши адабиёти бачагона дар ноҳияи Зафаробод ба итмом мерасад. «Дар доираи чорабинӣ вохӯриҳои шоирону нависандагон бо толибилмони макотиб баргузор шуда, асарҳои нависандагон барои кӯдакон баррасӣ мешаванд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.