Пазироии як зумра сафирони хориҷӣ дар ВКХ

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров сафирони Фавқулода ва Мухтори Шветсия ҷ-би Аке Петерсон, Ҷумҳурии Австрия ҷ-би Волфган Баняй, Шоҳигарии Норвегия ҷ-би Оле Йохан Бёрной, Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом ва Шоҳигарии Испания ҷ-би Мануэл Ларротча Парада, ки дар ҷумҳурӣ ҷиҳати супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти […]

ASIA-Plus


Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров сафирони Фавқулода ва Мухтори Шветсия ҷ-би Аке Петерсон, Ҷумҳурии Австрия ҷ-би Волфган Баняй, Шоҳигарии Норвегия ҷ-би Оле Йохан Бёрной, Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом ва Шоҳигарии Испания ҷ-би Мануэл Ларротча Парада, ки дар ҷумҳурӣ ҷиҳати супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сафирон ба муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ нусхаҳои эътимодномаҳоро супорида, сипас сӯҳбатҳои кӯтоҳ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ сафиронро бинобар ба вазифаҳои зикргардида таъин шуданашон табрику таҳният гуфта, изҳори умедворӣ аз рушди муносибот байни кишварҳо кард. Дар баробари муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

М. Собиров қайд кард, ки новобаста аз сатҳи хуби муносибот миёни кишварҳо, иқтидор ва имкониятҳои мо имкон медиҳанд, ки муносибатҳои мавҷударо дар соҳаҳои гуногун васеътар гардонем.

Бо ин мақсад, муовини аввали вазир таваҷҷӯҳи сафиронро ба устуворгардонии пойдевори шартномавӣ-ҳуқуқӣ, барпо кардани робитаҳо байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, истифода бурдани имкониятҳо барои рушди сармояҳо ва савдои муштарак ҷалб намуд.

Дар анҷоми мулоқот М. Собиров ба сафирон дар иҷрои вазифа ва пешбурди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо муваффақият таманно кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.