Рӯзи 6-уми феврали соли равон дар шаҳри Қоҳира Иҷлосияи 12-ми сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ба кор шурӯъ кард. Иҷлосияи мазкур, ки таҳти шиори “Таҳдидҳои нав ва имконоти рушдёбанда” баргузор мегардад, дар давоми ду рӯз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони исломро мавриди муҳокима қарор дод.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар Иҷлосия ҳайъати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дорад. Барномаи кории роҳбари ҳайъат Ҳамрохон Зарифӣ дар рӯзи аввали Иҷлосия пурмӯҳтаво ва самарабахш буд. Ӯ дар ҳошияи ин чорабинӣ бо роҳбарони як қатор давлатҳои исломии иштироккунанда мулоқот ва гуфтугӯи судманд анҷом дод.
Аз ҷумла, дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар бахши энергетика, роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ ва иқдомоти минбаъдаи ду кишвари ҳамсоя барои густариши ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар сӯҳбати Вазир бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод асосан роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои қаблан дар сатҳи олӣ мувофақашуда бо сармояи эронӣ табодули назар сурат гирифт. Ҷониби эронӣ барои тезонидани иҷрои лоиҳаҳои мавриди назар омодагии худро таъкид кард.
Мавзӯъҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки Қатар, густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар нуқтаи меҳварии сӯҳбати Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо Вазир Ҳамрохон Зарифӣ буд. Тарафҳо ҳамчунин аз ифтитоҳи намояндагии дипломатии Қатар дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ҳамчун марҳилаи муҳим дар таърихи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ карданд.
Дар мулоқоте, ки бо ташаббуси ҷониби туркӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул аз раванди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои густариши ин муносибатҳо дар асоси натиҷаҳои сафари расмии охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия таъкид кард.
Вазир Ҳ. Зарифӣ бо муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Холид ас-Сабоҳ оид ба омодасозии ҳамҷонибаи ҷаласаи 11-ми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Муколамаи Ҳамкории Осиё (ACD), ки баргузории он дар шаҳри Душанбе 29 марти соли ҷорӣ муқаррар гардидааст, сӯҳбати судманд доир намуд.
Ҳамчунин дар сӯҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо ишора ба ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт ва суръат бахшидан ба кушодани намояндагии дипломатии Давлати Кувайт дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мулоқотҳои роҳбари ҳайъати Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлосияи сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қоҳира идома хоҳанд ёфт.
Баромади Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи имрӯзаи чорабинии мазкур ба нақша гирифта шудааст, ки дар он мавқеъ ва пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои рӯзнома баён карда хоҳад шуд.


