Баррасии Индекси ошкории буҷети Тоҷикистон дар Душанбе

Имрӯз дар толори конфронсии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба натоиҷи пажӯҳиш оид ба «Индекси ошкории буҷет» ва тавсияҳои МББ оид ба беҳ кардани он мизи гирд баргузор шуд. Мизи гирд аз ҷониби Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии Вазорати молияи Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Ташкилоти […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар толори конфронсии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба натоиҷи пажӯҳиш оид ба «Индекси ошкории буҷет» ва тавсияҳои МББ оид ба беҳ кардани он мизи гирд баргузор шуд.

Мизи гирд аз ҷониби Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии Вазорати молияи Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Ташкилоти «Мушорикати буҷавии байналмилалӣ» созмон дода шуд.

Дар кори мизи гирд намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.

Ба гуфтаи муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов ҳарчанд сифати ислоҳот ба ҷалби ҳарчи бештар ва манфиатдории ҳар як узви ҷомеа вобаста бошад ҳам, худи равандҳои буҷетӣ дар Тоҷикистон ба таври кофӣ пӯшида аст. «Аз ин нуқтаи назар, воситае чун кушодагии буҷети давлатӣ барои мо хеле муфид аст», – гуфт вай.

Директори иҷроияи Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Зӯҳро Ҳалимова зикр кард, ки нисбат ба Индекси ошкор будани буҷет эҳсосот метавонанд гуногун бошанд ва зимни назардошти кушода будани буҷет сухан сари иштироки фаъоли аҳли ҷомеа дар баррасии он меравад. «Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бидонад, ки андози пардохтааш ба куҷо равона мегардад ва даромадашро чӣ гуна истифода мебарад», – иброз дошт вай.

Аз рӯи натиҷаи мизи гирд таҳияи лоиҳаи қарор оид ба иқдоми минбаъда, ки ба амалӣ кардани тавсияҳои Ташкилоти «Мушорикати буҷавии байналмилалӣ» оид ба беҳ кардани Индекси ошкории буҷет равона шудаанд, дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон