Баррасии ташхисҳои нерӯгоҳи Роғун дар мулоқоти президент бо намояндаи БҶ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат аз ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат аз ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 800 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Танҳо дар соли охири молиявӣ, ки аз июли соли 2012 то июли 2013 идома дорад, ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳокимаи рафти корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва натиҷаҳои вохӯрии машваратии минтақавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

«Барои мо муҳим аст, ки мавқеи Бонки ҷаҳонӣ ва коршиносони он доир ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун воқеъбинона, мустақил ва шаффоф боқӣ монад», – изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба имконсанҷии техникию иқтисодии кашидани хатти баландшиддати барқии минтақавии CASA-1000 ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.