Мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ бо сафири Британияи Кабир

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо афири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд Смит масъалаи истифодаи қаламрави Тоҷикистон зимни хурӯҷи нерӯҳои низомии бриониёӣ аз Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ба масъалаи тезонидани корҳо дар самти ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо афири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд Смит масъалаи истифодаи қаламрави Тоҷикистон зимни хурӯҷи нерӯҳои низомии бриониёӣ аз Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ба масъалаи тезонидани корҳо дар самти ба имзо расонидани Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба иттилои манбаъ, инчуни дар рафти мулоқот масъалаи ба имзо расонидани «Созишнома байни Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» баррасӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.