Рогозин: Мо шаҳри бедарвоза нестем

ASIA-Plus


Ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ба журналистон изҳор намуд, ки аллакай аз ҳамин сол Русия вуруди шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ба Русияро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷоза хоҳад дод.

Бино ба маълумоти НТВ, дар ин маврид Д.Рогозин ба назорат дар равуои қатораҳо аз Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудааст.

Зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан ӯ бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.

Геннадий Онишенко аз вазъи хеле бади зиддисанитарии вагон-тарабхонаи қатора барошуфтааст, зеро ӯ дар паҳлӯи зарфҳо хобидани кормандони ҳайати қатораро мушоҳида кардааст.

«Тамоми зарфҳо бояд иваз шуда, умуман вагон бояд аз ҳайат гирифта шавад», – гуфтааст ӯ ба Рогозин. «Чӣ тавр метавон бидуни яхдон ба сафар баромада, ғизо тайёр кард?», – изҳори норозигӣ кардааст Онишенко. Ӯ хамчунин таваҷҷуҳи Рогозинро ба он равона кардааст, ки дар вагон-тарабхона барои кормандони ҳайати қатора ҷойҳои хуфту хоб омода шудаанд. «Ҳамааш фаҳмо», – гуфтааст дар посух Рогозин.

«Мардум ба кишвари мо тавассути қатораҳое меоянд, ки барои мусофиркашӣ пешбинӣ нашудааст», – иброз доштааст Рогозин ба рӯзноманигорон. Рогозин таъкид доштааст, ки «ин масъаларо ба гунае ҳал мебояд кард». «Мо шаҳри бедарвоза нестем», – зикр кардааст номбурда.

Ноиби нахуствазири Русия зарурати таҳкими назорати қатораҳои аз ин самт ба Русия воридмешударо таъкид намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.