Сафари кории ноиби президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Ноиби президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, бо ворид шудан ба пойтахти Тоҷикистон ҷаноби Ансорӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд. Имрӯз дар Кохи Миллат ноиби президенти Ҳиндустонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот баррасии масоили рушд ва […]

ASIA-Plus


Ноиби президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, бо ворид шудан ба пойтахти Тоҷикистон ҷаноби Ансорӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд.

Имрӯз дар Кохи Миллат ноиби президенти Ҳиндустонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот баррасии масоили рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар назар аст.

Ноиби нахуствазири Ҳиндустон бо раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ низ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Ғайр аз ин, Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ аз Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон низ боздид карда, бо фаъолияти ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошно хоҳад гашт.

Мувофиқи барномаи сафар, рӯзҳои 16-17-уми апрел ноиби президенти Ҳиндустон ба шаҳрҳои бостонии тоҷикон – Хуҷанду Кӯлоб раҳсипор гардида, бо ёдгориҳои таърихӣ ва муассисаҳои таълимии ин манотиқ шинос мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.