Мусоидати ФБР ба ҷустуҷӯи духтарони бедаракшуда

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи духтарони хурдсоли рӯзи 25-уми март дар шаҳри Душанбе бедаракшуда мусоидат намояд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов бо сафири ИМА дар ҶТ Сюзан Эллиот дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст. […]

ASIA-Plus


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи духтарони хурдсоли рӯзи 25-уми март дар шаҳри Душанбе бедаракшуда мусоидат намояд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов бо сафири ИМА дар ҶТ Сюзан Эллиот дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст.

«Дар мулоқот намояндагони тарафҳо вобаста ба масаъалаҳои муҳими рӯз, таъмини амният дар минтақа, алалхусус мубориза ба зидди терроризм ва экстремизи байналхалқӣ, қочоқи маводи мухаддир, яроқ ва хариду фурӯши одамон табодули афкор намуда, омодагии худро дар пайи пиёда сохтани ҳадафу мақсадҳои дар боло зикр гардида, изҳор намуданд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, сафир Эллиот Сюзан қайд намудааст, ки барои рушду инкишофи муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти ошкору пайгирӣ намудани гурӯҳҳои ҷинояткор, бахусус кофтукови беномунишон гумгаштагони ноболиғ Аралова Малика ва Аралова Сабина омода аст, намояндагони Бюрои федералии тафтишотиро (ФБР) аз Амрикоро, ки таҷрибаи бою ғанӣ доранд, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, дар самти муайян намудани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода бурда мешаванд, барои ёрии амалӣ расонидан, ба Тоҷикистон биёваранд.

Гуфта мешавад, инчунин дар таърихи 14.04.2013 сол, ҳангоми вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо мутахассисони сафорати Амрико ва зимни гуфтугӯи телефонӣ бо мутахассисони Бюрои федералии тафтишоти дар шаҳри Алмато, онҳо омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати пайдо кардани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта, ба Вазорати корҳои дохилӣ изҳор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.