Рогозин: Мо шаҳри бедарвоза нестем

Ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ба журналистон изҳор намуд, ки аллакай аз ҳамин сол Русия вуруди шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ба Русияро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷоза хоҳад дод. Бино ба маълумоти НТВ, дар ин маврид Д.Рогозин ба назорат дар равуои қатораҳо аз Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудааст. Зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан […]

ASIA-Plus


Ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ба журналистон изҳор намуд, ки аллакай аз ҳамин сол Русия вуруди шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ба Русияро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷоза хоҳад дод.

Бино ба маълумоти НТВ, дар ин маврид Д.Рогозин ба назорат дар равуои қатораҳо аз Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудааст.

Зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан ӯ бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.

Геннадий Онишенко аз вазъи хеле бади зиддисанитарии вагон-тарабхонаи қатора барошуфтааст, зеро ӯ дар паҳлӯи зарфҳо хобидани кормандони ҳайати қатораро мушоҳида кардааст.

«Тамоми зарфҳо бояд иваз шуда, умуман вагон бояд аз ҳайат гирифта шавад», – гуфтааст ӯ ба Рогозин. «Чӣ тавр метавон бидуни яхдон ба сафар баромада, ғизо тайёр кард?», – изҳори норозигӣ кардааст Онишенко. Ӯ хамчунин таваҷҷуҳи Рогозинро ба он равона кардааст, ки дар вагон-тарабхона барои кормандони ҳайати қатора ҷойҳои хуфту хоб омода шудаанд. «Ҳамааш фаҳмо», – гуфтааст дар посух Рогозин.

«Мардум ба кишвари мо тавассути қатораҳое меоянд, ки барои мусофиркашӣ пешбинӣ нашудааст», – иброз доштааст Рогозин ба рӯзноманигорон. Рогозин таъкид доштааст, ки «ин масъаларо ба гунае ҳал мебояд кард». «Мо шаҳри бедарвоза нестем», – зикр кардааст номбурда.

Ноиби нахуствазири Русия зарурати таҳкими назорати қатораҳои аз ин самт ба Русия воридмешударо таъкид намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.