Суғд: 55 корхонаи нав дар соли равон

Мавлуда Рафиева


Аз оғози соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 55 корхонаи нави хурду миёна мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо беш аз 1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар корхонаҳои мазкур маснӯоти қанодиву гӯштӣ, шириву ордӣ, нӯшокиҳо, равғани рустанӣ, мебели навъҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ ва ғайра истеҳсол шуда, ҳамчунин чанде аз онҳо ба коркарди зирооати ғаллдона, чарм ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар қаламрави вилоят ба истифода додани 120 корхонаи нав дар назар аст, ки ба муҳайё кардани 5 ҳазор ҷойи кори иловагӣ имкон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, айни замон дар вилояти Суғд ҳамагӣ 295 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар онҳо ба маблағи 938 млн. 575,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.