Суғд: 55 корхонаи нав дар соли равон

Аз оғози соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 55 корхонаи нави хурду миёна мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо беш аз 1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар корхонаҳои мазкур маснӯоти қанодиву гӯштӣ, шириву ордӣ, нӯшокиҳо, равғани рустанӣ, мебели навъҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ ва […]

Мавлуда Рафиева


Аз оғози соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 55 корхонаи нави хурду миёна мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо беш аз 1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар корхонаҳои мазкур маснӯоти қанодиву гӯштӣ, шириву ордӣ, нӯшокиҳо, равғани рустанӣ, мебели навъҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ ва ғайра истеҳсол шуда, ҳамчунин чанде аз онҳо ба коркарди зирооати ғаллдона, чарм ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар қаламрави вилоят ба истифода додани 120 корхонаи нав дар назар аст, ки ба муҳайё кардани 5 ҳазор ҷойи кори иловагӣ имкон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, айни замон дар вилояти Суғд ҳамагӣ 295 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар онҳо ба маблағи 938 млн. 575,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.