Боздошти нахусти аъзои созмони ифротгарои «Ҷундуллоҳ»

Аз оғози сол дар вилояти Суғд 19 нафар ифротгароёни эҳтимолӣ боздошт шуданд, ки 16 нафарашон аъзои созмони «Ансоруллоҳ» ва се тани дигар аъзои ҷамъияти ифротгарои «Ҷундуллоҳ» («Ҷанговарони Аллоҳ» – гурӯҳи ҳарбии покистонӣ) мебошанд, ки дар қаламрави Тоҷикистон бори нахуст аз худ дарак доданд. Зимни нишасти матбуотии рӯзи 17-уми июл сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти […]

Мавлуда Рафиева


Аз оғози сол дар вилояти Суғд 19 нафар ифротгароёни эҳтимолӣ боздошт шуданд, ки 16 нафарашон аъзои созмони «Ансоруллоҳ» ва се тани дигар аъзои ҷамъияти ифротгарои «Ҷундуллоҳ» («Ҷанговарони Аллоҳ» – гурӯҳи ҳарбии покистонӣ) мебошанд, ки дар қаламрави Тоҷикистон бори нахуст аз худ дарак доданд.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 17-уми июл сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назаров дар ин робита изҳор намуд, ки ҳангоми амалиёти боздошт ду нафар узви эҳтимолии ҷамъияти «Ансоруллоҳ» кушта шудаанд.

Ӯ зикр намуд, ки тамоми боздоштшудагон дар урдӯгоҳҳои махсуси Покистон таълими ҳарбӣ гирифта, бо мақсади анҷом додани амали террористӣ ба вилояти Суғд омадаанд.

Ба қавли ӯ, ҳангоми азназаргузаронии макони зисти боздоштшудагон 1 адад туфангчаи «Макаров» бо 1 дона тирдон, 2 адад туфангчаи «Байкал бо 3 тирдон ва 24 дона тирҳои ҷангӣ, ноутбук бо дастури тайёр кардани маводи тарканда ва омодагӣ ба содир намудани амалҳои террористӣ, 7 адад флеш-кортҳо, 2 адад модеми ширкати Мегафон ва МТС, 14 адад телефони ҳамроҳ, 20 адад сим-кортҳо ва ғайра дарёфт шудаанд.

«Муайян карда шуд, ки 79 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилоят дар урдӯгоҳҳои махсуси кишварҳои хориҷӣ таълими ҳарбӣ гирифта, 22 тан аз онҳо мавриди пайгард қарор гирифта буданд. Барои муайян ва боздошт кардани 21 нафари онҳо парвандаҳои ҷустуҷӯӣ боз гардида, чорабиниҳои фавриву кофтуковӣ гузаронида мешаванд», – афзуд Назаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.