Э.Раҳмон ноиби минтақавии ояндаи президенти БҶ-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари дастгоҳи президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Лаура Фриҷентӣ, ки тирамоҳи имсол ба мақоми ноиби минтақавии президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид, иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари дастгоҳи президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Лаура Фриҷентӣ, ки тирамоҳи имсол ба мақоми ноиби минтақавии президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид, иттилоъ дод, ки ҳадафи сафараш мулоқотҳо бо роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шиносоии бевосита бо масоили ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии рушди ин минтақа мебошад.

Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва нерӯи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо ёдоварӣ аз 20 соли ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муҳлат аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди босубот дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории минбаъда низ пурсамар гардида, ба рушди бештари иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.