Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мешаванд

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бунёди ду корхонаи истеҳсоли шифер ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Амирулло Холов, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки оғози ин сохтмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, 2 корхонаи истеҳсоли сангреза ва 2 корхонаи истеҳсоли дару […]

Сайраҳмон Назриев


Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бунёди ду корхонаи истеҳсоли шифер ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора Амирулло Холов, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки оғози ин сохтмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, 2 корхонаи истеҳсоли сангреза ва 2 корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ низ бунёд мегарданд.

«Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаҳо имкон пайдо мешавад, ки 300 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд», – афзуд раиси ноҳия.

Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 39 миллиону 542 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 544 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.