Манъи иштироки футболбозони лигаи олӣ ва якум дар мусобиқоти футзал

Футболбозони дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон минбаъд дар мусобиқоти футболи хурд (футзал) иштирок карда наметавонанд. Дар ин бора бо истинод ба котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев торнамои расмии ФФТ хабар медиҳад. Ба гуфтаи Маҳмадшоев, дар мусобиқоти зимистона оид ба футболи хурд ба хотири ёдбуди собиқ футболбози маъруфи дастаи «Помир», «Ирригатор» ва «Вахш» […]

Аваз Юлдошев


Футболбозони дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон минбаъд дар мусобиқоти футболи хурд (футзал) иштирок карда наметавонанд. Дар ин бора бо истинод ба котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев торнамои расмии ФФТ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Маҳмадшоев, дар мусобиқоти зимистона оид ба футболи хурд ба хотири ёдбуди собиқ футболбози маъруфи дастаи «Помир», «Ирригатор» ва «Вахш» Александр Кирсанов, ки ҳамасола маъмулан моҳи декабр доир мегардлад, танҳо бозигарони риштаи футболи хурд ширкат хоҳанд варзид.

Номбурда ҳамчунин дар ин робита зикр намудаст, ки аз соли оянда ба дастаи мунатахаби футболи хурди кишвар танҳо бозигарони риштаи футболи хурд даъват карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки қаблан дастаи мунтахаби футболи хурди Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалиро футболбозони дастаҳои лигаи олӣ намояндагӣ мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.