Эҳтимоли сафари қарибулвуқӯъи раисҷумҳури тозаинитихоби Эрон ба Душанбе

Мақомоти нави раҳбарии Эрон таҳти сарварии раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ ният дорад, ки баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба барномаи ба истилоҳ ҳастаии Эрон ҳамаҷониба тадбирҳо бинадешад. Чунин изҳор намуд зимни нишасти хабарии рӯзи 17-уми июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ. Ӯ имкони то ахири соли равон аз Тоҷикистон боздид намудани мақомоти нави […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти нави раҳбарии Эрон таҳти сарварии раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ ният дорад, ки баҳри ҳалли мушкилоти марбут ба барномаи ба истилоҳ ҳастаии Эрон ҳамаҷониба тадбирҳо бинадешад. Чунин изҳор намуд зимни нишасти хабарии рӯзи 17-уми июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ.

Ӯ имкони то ахири соли равон аз Тоҷикистон боздид намудани мақомоти нави раҳбарии Эрон барои иштирок дар яке аз чорабиниҳои байнулмилалиро аз эҳтимол дур намедонад. Ба андешаи коршиносон, яқинан Рӯҳонӣ дар конфронси байнулмилалии моҳи августи Душанбе оид ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи об ширкат хоҳад варзид.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ зикр кард, ки муддати 8 сол собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод баҳри густариши муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон саҳми босазо гузошт.

Дар робита ба масъалаи вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон Зарифӣ изҳор кард, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, аз сулҳу суботи саросарӣ ё фалокати глобалӣ дар ин кишвар интизорӣ нарафта, вазъ ҳам бакуллӣ дигаргун нахоҳад шуд.

Перомуни муносибатҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ чунин изҳори назар кард, ки «мутаассифона, феълан дар бораи пешравиҳое дар ин самт наметавон ҳарфе гуфт».

«Муносибатҳои Тоҷикистон бо ҳамсояи бузург – Чин устуворона дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ин самт ҳеҷ мушкилие вуҷуд надорад, аммо ин муносибатҳоро чанде аз ВАО чунон инъикос мекунанд, ки бозори «Корвон»-ро бо молу колои зиёду арзон ва пастсифат ба хотири ман меорад», – таъкид дошт Зарифӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.