Дар воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон пешсаф мешавад

– Дар масъалаи содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон пешсаф мешавад ва ҳамагон ба хубӣ огаҳанд, ки он аз ҳисоби дубора ба кишвари мо содирот кардани маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон аз Русия воридшуда сурат мегирад – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов. Раҳматов […]

Пайрав Чоршанбиев


– Дар масъалаи содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон пешсаф мешавад ва ҳамагон ба хубӣ огаҳанд, ки он аз ҳисоби дубора ба кишвари мо содирот кардани маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон аз Русия воридшуда сурат мегирад – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов.

Раҳматов зикр кард, ки то соли 2011 воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилгардро тасаввур кардан душвор буд, «зеро тамоми воридот тариқи роҳи оҳан анҷом дода мешуд».

«Пас аз ҷорӣ сохтани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон аз ҷониби Русия, қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оғоз шуд, зеро маводи сӯхт дар он ҷо бамаротиб аз мо арзонтар аст», – гуфт дар шарҳи ин масъала Раҳматов.

Муовини сардори Хадамоти гумрук таъкид намуд, ки барои пешгирии қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон гумрукчиёни тоҷик чораву тадбирҳои зиёде рӯйи даст мегиранд ва барасмиятдарории гумрукии 2,5 ҳазор адад автомашина бо 74 ҳазор тонна бензину соляркаро дар нимсолаи аввали соли равон мисол овард.

«Соле пештар ин мавод тавассути қочоқ ворид мешуд ва ба туфайли барасмиятдарории гумрукӣ, ба буҷети кишвар ҳудуди 70 млн. сомонӣ (тақрибан 15 млн. $) маблағ ворид гардид», – зикр кард ӯ.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.