Даъвои зиёиён нисбати Тутубалинаро Суди иқтисодӣ рад кард

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои намояндагони зиёиён нисбат ба муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалинаро рад кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, даъво ба суд ворид шуда, пас аз омӯзиши он судя ба хулосае расидааст, ки ин баҳси ҷонибҳо ба салоҳияи суди иқтисодӣ дахл надорад. То ҷое, ки маълум аст, […]

ASIA-Plus


Суди иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои намояндагони зиёиён нисбат ба муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалинаро рад кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, даъво ба суд ворид шуда, пас аз омӯзиши он судя ба хулосае расидааст, ки ин баҳси ҷонибҳо ба салоҳияи суди иқтисодӣ дахл надорад.

То ҷое, ки маълум аст, акнун даъвогарон ният доранд, ки даъвои худро ба баррасии суди умумӣ пешниҳод намоянд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони зиёиён нисбати муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина оид ба ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дар он дархост намуданд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар (ҳафтавори «Азия-Плюс») барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ситонида шавад. Даъвогарон ҳамчунин таъини ташхиси судии лингвистӣ ва ҷиҳати таъмини даъво ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалинаро низ хоҳиш карданд. Даъво ба мақолаи Тутубалина дар ҳафтавор таҳти унвони «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) асос ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи навбатии худ Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба чунин хулоса расид, ки матлаби муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина зери унвони «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) мухолифи ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нест.

Ҳамчунин зимни нишасти хабарӣ ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон

Кароматулло Олимов

дар робита ба масъалаи мазкур изҳор намуда буд, ки муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина зимни таҳияи мавод мебоист фарҳанги мардуми тоҷикро ба инобат гирад ва ҳамзамон фаромӯш намесохт, ки меъёрҳои дар Ғарб ҷоизбуда наметавонанд ба меъёрҳои мардуми Шарқ мутобиқ бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.