Воридоти молу коло бидуни боҷи гумрукӣ ба маблағи беш аз 320 млн. $ дар 6 моҳ

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати танзими гумрукиву тарофавӣ ва назорати асъори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Салимҷон Шарифов зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон маблағи умумии молу колое, ки бидуни пардохти боҷӣ гумрукӣ ва андоз ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд, 1 млрд. 530 млн. сомонӣ (беш аз 320 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Ба қавли […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати танзими гумрукиву тарофавӣ ва назорати асъори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Салимҷон Шарифов зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон маблағи умумии молу колое, ки бидуни пардохти боҷӣ гумрукӣ ва андоз ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд, 1 млрд. 530 млн. сомонӣ (беш аз 320 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

Ба қавли вай, ин молу коло мутобиқи асноди меъёрӣ-ҳуқуқии тасдиқшуда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукиву андоз озод карда шудаанд. «Баъзе маҳсулот аз боҷи гумрукӣ, дигаре аз андоз ва чандеашон пурра ҳам аз пардохти боҷу ҳам андоз озод карда шудаанд», – иброз дошт номбурда.

Зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон Хадамоти гумрук аз ҳисоби тамоми сарчашмҳои даромад ба буҷети давлат 1 млрд. 490 млн. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки аз ҳаҷми пешбинишуда 11,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар ин давра зиёда аз 2,9 ҳазор ҳолатҳои қонуншикании муқаррароти гумрукӣ ошкор шудаанд. Ғайр аз ин, 15 ҷинояти марбут ба қооқи маводи нашъаовар ва воситаҳои нақлиёт низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.