Зойиров: Нома ба президент дар тақдири минбаъдаи З.Саидов нақши мусбат хоҳад дошт

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мутмаин аст, ки номаи ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ирсолшуда аз ҷониби пешвои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов метавонад дар тақдири минбаъдаи ӯ нақши мусбат дошта бошад. Ба андешаи Зойиров, Зайд Саидов бо ду сабаб ба раисҷумҳур муроҷиат кардааст. «Аввалаш, ӯ ҳақиқатан ҳам гунаҳкор […]

Маҳпора Киромова


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мутмаин аст, ки номаи ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ирсолшуда аз ҷониби пешвои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов метавонад дар тақдири минбаъдаи ӯ нақши мусбат дошта бошад.

Ба андешаи Зойиров, Зайд Саидов бо ду сабаб ба раисҷумҳур муроҷиат кардааст. «Аввалаш, ӯ ҳақиқатан ҳам гунаҳкор нест ва ин омил Саидовро маҷбур сохт, ки бевосита ба президент муроҷиат кунад, то ки ба қазияи ӯ хотима дода шавад ва сипас сабаби асосӣ вазъи солимии ӯст, ки дарвоқеъ ҳам айни замон ба муолиҷа ниёз дорад», – мегӯяд раиси ҲСДТ.

Ӯ бар ин назар аст, ки номаи мазкур аз чанд ҷиҳат баҳснок ва ҳам ҷанбаи мусбату ҳам паҳлӯи манфӣ низ хоҳад дошт, вале дар маҷмӯъ Зойиров боварӣ дорад, ки он дар тақдири минбаъдаи Саидов нақши мусбат хоҳад дошт.

«Аз лиҳози инфиродӣ он метавонад нақши мусбат дошта бошад, зеро барои табобат ба Саидов имкон дода шуда, дар тақдири минбаъдаи сиёсии ӯ низ мумкин аст гузаштҳо сурат гиранд, вале ҷанбаи манфиаш дар он ифода хоҳад ёфт, ки бо номаи худ Зайд Саидов нияти таъсиси ҳизби навро зери савол гузошт. Чунки дар нома зикр мегардад, ки ӯ аллакай аз Фаронса бо нияти қатъи ҳама гуна иқдом оид ба таъсиси ҳизб бармегаштааст. Ман фикр мекунам, ки номаи мазкур ба андешаи таъсиси ҳизби нав хотима хоҳад бахшид», – зикр кард Зойиров.

Гузашта аз ин, Зойиров чунин мешуморад, ки паҳлӯи дигари манфии номаи мазкур дар он аст, ки тамоми шиору ақидаҳои хеле хуб ва аксаран идеалистӣ осонакак ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда мешаванд.

«Аз ин ҳизб рӯйи кор омадани навгониҳое дар низоми ҳизбии ҷумҳуриро интизорӣ доштанд, вале маълум мешавад, ки ин навгониҳои ҳизбӣ амалиношуда боқӣ мемонанд», – афзуд Раҳматилло Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки роҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

номаи чаҳорсаҳифаӣ навишта

, зимнан хоҳиш кард, ки бо назардошти вазъи саломатиаш, раисҷумҳур ба қазияи ӯ дахл кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.