Қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани минтақавӣ ҳоло тарҳрезӣ мешавад

Пайрав Чоршанбиев

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари КВД «Роҳи оҳани тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло изҳор кард, ки лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонисон-Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя ҷиҳати сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани минтақавии мазкур пас аз таҳияи тарҳи фанииву иқтисодии лоиҳа ҳаллу фасл хоҳанд шуд. […]


Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари КВД «Роҳи оҳани тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло изҳор кард, ки лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонисон-Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя ҷиҳати сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани минтақавии мазкур пас аз таҳияи тарҳи фанииву иқтисодии лоиҳа ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

А.Ҳукуматулло зикр кард, ки сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани мазкур бо масофаи умумии 90 километр аллакай

оғоз шудааст.

«Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ аз ноҳияи Румӣ то Панҷи Поён 50 километрро ташкил дода, ҳамчунин бунёди пули роҳи оҳани дарозиаш 800 метр дар болои дарёи Панҷ ба нақша гирифта шудааст», – иброз дошт номбурда.

Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», масофаи дарозтарини ин роҳи минтақавӣ қитъаи Афғонистон аст, ки 500 километрро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми марти соли ҷорӣ зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти Туркманистон ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон ба имзо расид.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

Айни замон ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи воситаҳо барои сохтмони қитъаи тоҷикистонии ин лоиҳа мебошанд. Ахири моҳи май мақомоти раҳбарии Бонки исломии рушд изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани мазкур ба Тоҷикистон кумак ҳоҳад кард.

«Ояндаи наздик мо масъалаи маблағгузории қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳанро баррасӣ мекунем ва муҳим он аст, ки раванди баррасии масъалаи мазкур аллакай роҳандозӣ гардид», – иброз дошт президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ зимни натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе (18-23-юми май). 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.