Нияти номзадиаш ба курсии президентиро Салимзода иғвоангезии журналистӣ унвон кард

Зимни нишасти хабарии имрӯза саволи яке аз журналистон дар бораи нияти номзадиаш ба ишғоли курсии президентиро прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иғвоангезӣ унвон кард. Дар ҳамин ҳол, Салимзода аз журналист дархост намуд, ки « хизматҳои президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу ватанро фаромӯш насозад». «Бубинед, ки вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон чӣ гуна аст. […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти хабарии имрӯза саволи яке аз журналистон дар бораи нияти номзадиаш ба ишғоли курсии президентиро прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иғвоангезӣ унвон кард. Дар ҳамин ҳол, Салимзода аз журналист дархост намуд, ки « хизматҳои президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу ватанро фаромӯш насозад».

«Бубинед, ки вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон чӣ гуна аст. Бидуни иродаи сиёсӣ, устуворӣ ва қобилияти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, айни замон дар кишвари мо ҳам вазъи монанд ба Афғонистон ҳукмфармо мегардид», – таъкид дошт Салимзода.

Бидуни шарҳи саволи журналистон оид ба сабабҳои ҳабси собиқ зертобеъаш генерал-майори адлия Эмом Ғоибов, прокурори генералӣ қайд кард, ки овозаҳои қудои ӯ будани ҳабсшуда асоси воқеӣ надоранд ва «ӯ танҳо ҳамкурсаш аст».

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи соли равон Агентии зиддифасод дар бораи боздошти собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ генерал-майор Эмом Ғоибов иттилоъ пахш намуд. Ҳамроҳи ӯ ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар вилояти Суғд полковники адлия Одил Очилов низ ба ҳабс гирифта шуд.

Ғоибов роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати Низомхон Ҷӯраев буда, Очилов ба ҳайси муовини ӯ фаъолият дошт. Бо назардошти вазнинии ҷиноятҳои содиршуда, Ғоибов ва Очилов боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зиддифасод дар Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.