Ҳамроев: Қарз барои Tajik Air ягона имкони раҳоӣ аз қарзҳо аст

Заррина Эргашева

Ширкати миллии ҳавопаймоии Tajik Air нимсолаи аввали соли равонро бидуни даромад ҷамъбаст намуда, вале қисман маблағи қарзҳояшро пардохт намуд. Қарзи умумии ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳаҷми 241 млн. сомонӣ (ба нимсолаи аввали соли 2012) то ба 41 млн. сомонӣ (нимсолаи аввали соли 2013) коҳиш ёфт. Зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК Tajik Air Фирӯз Ҳамроев […]


Ширкати миллии ҳавопаймоии Tajik Air нимсолаи аввали соли равонро бидуни даромад ҷамъбаст намуда, вале қисман маблағи қарзҳояшро пардохт намуд.

Қарзи умумии ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳаҷми 241 млн. сомонӣ (ба нимсолаи аввали соли 2012) то ба 41 млн. сомонӣ (нимсолаи аввали соли 2013) коҳиш ёфт.

Зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК Tajik Air Фирӯз Ҳамроев дар ин робита изҳор намуд, ки коҳиши ҳаҷми қарзҳои ширкат баъди комилан бозбинии фаъолият, аз ҷумла кам кардани самтҳои парвоз ва мутаносибан ба он коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақл замина воқеъӣ пайдо намуд.

«Барои пардохти қарзҳо, тасмим гирифтем, ки аз як бонк қарз бигирем, зеро бидуни он фаъолияти ширкат ғайриимкон ва мо мустақилона ин қарзро ҳисобаробарӣ карда наметавонистем. Хатаре мавҷуд буд, ки бинобар сабаби қарзҳо дар назди Ширкати таъмини сӯзишворӣ парвозҳо қатъ карда мешаванд ва инҷо танҳо як роҳи ҳал мавҷуд буд – аз бонк қарз гирифта, фаъолиятро идома додан ва тадриҷан баргардонидани қарзи бонк», – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи Ҳамроев, нимсолаи аввал ширкат даромад ба даст оварда натавониста, хароҷот аз даромад зиёд ва касри буҷет 1,4 млн. сомониро ташкил додааст ва ин нишондиҳандаи хуб аст, зеро соли гузашта касри буҷет ба 29 млн. сомонӣ баробар буд.

«Айни замон маблағи қарзи ширкат дар назди Ширкати таъминот бо сӯзишворӣ – 7,8 млн. сомонӣ, ҶСК Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе – 27 млн. сомонӣ, Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд – 2,7 млн. сомонӣ, Тоҷикаэронавигатсия – 1,5 млн. сомонӣ, Хадамоти таъминоти парвозҳо (бортпитание) – 1,6 млн. сомонӣ ва дар назди «Тоҷиксуғурта» – 24 млн. сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт Ҳамроев.

«Шояд мо аз ҳукумат дархост кунем, ки чанде аз қарзҳоямон таҷдиди назар ё аз эътибор соқит карда шаванд. Тамоми ҳаҷми қарзҳои мавҷуда бо ҷаримаи аҳдшикании замшудаашро мо эътироф мекунем ва аз пардохти он даст кашиданӣ нестем», – афзуд директори генералии ширкат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.