Имкони ба сафи дастаи «Истиқлол» пайвастани як футболбози бразилиягӣ

Аваз Юлдошев

Ҳамлагари 32-солаи бразилиягӣ Андраде Дос Сантос Жуниор Веберсон барои санҷиш ба дастаи футболи «Истиқлол» ҳозир шудааст. Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи «Истиқлол», ин футболбози бразилиягӣ қаблан дар дастаи футболи лигаи якуми футтболи Русия – «Динамо» (Брянск), тими суперлигаи Қазоқистон – «Ордабасы» ва дастаи «Гойтаказ»-и гурӯҳии «В»-и чемпионати штати Рио-де-Жанейро ҳунарнамоӣ намудааст. Дар синнусоли наврасӣ […]


Ҳамлагари 32-солаи бразилиягӣ Андраде Дос Сантос Жуниор Веберсон барои санҷиш ба дастаи футболи «Истиқлол» ҳозир шудааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи «Истиқлол», ин футболбози бразилиягӣ қаблан дар дастаи футболи лигаи якуми футтболи Русия – «Динамо» (Брянск), тими суперлигаи Қазоқистон – «Ордабасы» ва дастаи «Гойтаказ»-и гурӯҳии «В»-и чемпионати штати Рио-де-Жанейро ҳунарнамоӣ намудааст.

Дар синнусоли наврасӣ Сантос Жуниор дар дастаҳои «Сан-Паулу» ҳамроҳи футболбозоне чун Кака (феълан бозигари «Реал») ва Жулио Баптиста («Малага») бозӣ кардааст.

Гуфта мешавад, дар сурати муваффақона аз санҷиш гузаштан, бо футболбози бразилиягӣ қарордоди инфиродӣ баста мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.